Дар вазорати маорифи Тоҷикистон тарҳи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2026–2030» баррасӣ кардаанд, ки ҳадафи он фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, бахусус кӯдакистонҳо аст.
Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал ЮНИСЕФ мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 84% атфоли 3 то 6-сола, бахусус дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст, “бо сабаби таъмини нокифоя, афзоиши аҳолӣ ва набуди имкониятҳои иқтисодии волидон” маълумоти бунёдии томактабӣ дарёфт намкунанд.
Аз ҳадафҳои аслии барнома ба кӯдакистонҳо ҷалб кардани кӯдакон дар деҳоту минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон будааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аввали имсол аз мақомот хост, “барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.”
Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба раҳбарони шаҳру вилояту ноҳияҳо дастур дод, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳаллае, ки на камтар аз 100 хонавода зиндагӣ мекунад, як кӯдакистон бисозанд.