Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи кумакҳои ЮСАИД барои Тоҷикистон ҳам мушкил офарид


Қатъи кӯмакҳои ЮСАИД ба Тоҷикистон иҷрои баъзе аз барномаҳои имдодӣ дар кишварро ба мушкил дучор кардааст.

Вақте ки беморони сил ё ЭЙДЗ, яъне СПИД ошкор карда намешаванд, на танҳо онҳо аз табобат дур мемонанд, балки ба бештар паҳн шудани ин бемориҳои хатарнок сабаб мегарданд.

Ин аст, ки дидбонӣ ё мониторинги ин бемориҳо дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои асосии кӯмакҳои Амрикоро ташкил медод. Ин ёриҳо то моҳи январи соли 2025 ба воситаи Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА ё ЮСАИД расонда мешуд. Акнун бо қатъи сармоягузорӣ ниҳодҳое, ки ҷомеаро аз хатари сил ва ЭЙДЗ ҳифз мекарданд, бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Ассотсиатсияи “Ҳамкорӣ барои боздошти сил дар Тоҷикистон” яке аз онҳост. Ин ташкилот аз соли 2022 бо кумаки ЮСАИД дар Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Муъминобод ва Ҳамадонӣ беморони силро пайдо карда, роҳҳои табобатро ба онҳо меомӯхтанд. Намояндагони ин созмон, танҳо соли 2024 дар панҷ шаҳру ноҳияи Хатлон қариб 600 гирифтори силро пайдо кардаанд.

Акмал Худойбердиев, намояндаи ин ташкилот мегӯяд, онҳо хона ба хона гашта, беморони силро пайдо мекарданд. Ба гуфтаи Худойбердиев, “яке аз пайомадҳои хеле манфи”-и қатъи кумакҳои ЮСАИД, мушкил дар пайдо кардани беморони сил аст.

“Вақте маблағгузорӣ кам шуд, ёфтани гирифторони сил ҳам кам мешавад. Агар дарёфт кам шавад, пас пешгирии сирояти сил то як дараҷа мушкил мешавад. Ҳарчанд мо панҷ барномаи миллии мубориза бо сил дорем. Лекин ҳанӯз ҳам зарур аст, ки ҷомеа ҳам ҷалб карда шавад,”-афзуд намояндаи Ассотсиатсияи “Ҳамкорӣ барои боздошти сил дар Тоҷикистон”.

Қатъи кори USAID ба иҷрои баъзе барномаҳои беҳдоштии Тоҷикистон таъсир гузоштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00

ЮСАИД соли 2023 эълон кард, ки барои бартараф кардани бемории сил дар Тоҷикистон 20 миллион доллар ихтисос додааст. Намояндагони ЮСАИД ҳамон вақт гуфтанд, “барои муайян кардани ҳар як нафари гирифтори бемории сил, табобати шахсони ниёзманд ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ” ба Тоҷикистон кумак мекунанд.

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ЮСАИД яке аз шарикони асосии онҳо дар мубориза ба бемории сил буд.

Аслиддин Раҷабов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи ЮСАИД барои беморони сил маблағ ҷудо намекард.

“Ин оҷонсӣ корҳои ташкилиро дастгирӣ мекард, ба мисоли мониторинги барнома, чопи маводҳои иттилоотӣ, дастгирии мутахассисон дар рафти ташхиси бемории сил ва ҳамчунин корҳои ташкилӣ. Таҷҳизотҳои муосири рентгени рақамӣ доштем дар шаҳру ноҳияҳо, ки бо дастгирии ЮСАИД ҷамоат ба ҷамоат гашта, барои дарёфти саривақтии беморон истифода мебурданд,”-гуфт, намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Тоҷикистон ба феҳристи 30 кишваре шомил мешавад, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар он бемории сили муқовим ба дору зиёд аст. Соли 2024 дар Тоҷикистон 4500 мавриди гирифторӣ ба бемории сил ошкор шудааст. Нигаронии асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин аст, ки бо қатъи кумакҳои ЮСАИД, пайдо кардани беморони сил дар кишвар кам мешавад.

“Ҳамаи таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дарёфти бемории сил баъди қатъ гардидани маблағгузории беруна ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст,” – афзуд, Акмал Худойбердиев намояндаи Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон».

ЮСАИД дар бахши тандурустии Тоҷикистон танҳо барои мубориза бо сил кӯмак намекард. Як бахш муҳими кӯмакҳои ин созмон ёрӣ ба гирифторони СПИД буд. Аз ҷумла бо кумаки ЮСАИД тестҳо барои ошкор кардани вируси норасоии масунияти бадан харида мешуд.

Пӯлод Ҷамолов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “СПИН плюс” мегӯяд, қатъи кори ЮСАИД “пеш аз ҳама ба созмонҳои ҷамъиятӣ, ки аз ҳисоби грантҳои байналмилалӣ кор мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад. Ин метавонад барои одамон мушкил эҷод кунад. Зеро созмон, ки фаъол буда наметавонад, хизматрасониҳои он ҳам барои қишри осебпазир ва сироятёфтагони вируси норасонии масунити бадан қатъ мешавад.”

Азиза Ҳамидова, раҳбари барномаи мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон моҳи май гуфта буд, агар маблағгузории барномаҳои мубориза бо СПИД аз ҷониби ИМА барқарор ва ё табдил нашавад, пешрафтҳое, ки дар ин самт дар Тоҷикистон то ҳол ба даст омадааст, осеб мебинад.

Ба гуфтаи хонум Ҳамидова, бидуни идомаи маблағгузорӣ мушкили ҷиддӣ дар самти ташхису муоина, табобат ва нигоҳубини беморони гирифтори ин вирус эҷод мешавад, ки давоми солҳои зиёд ба як дастоварди соҳаи тибби Тоҷикистон табдил шуда буд. Мақомот дар Тоҷикистон пештар гуфтанд, баъди боздошта шудани ироаи ёриҳои ЮСАИД бояд дар фикри пайдо кардани сармояҳои нав шаванд. Вале феълан маълум нест, ки кадом ташкилот метавонад ҷойгузини ин оҷонсӣ дар Тоҷикистон шавад.

Қисми зиёди ёриҳои ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон тавассути Оҷонсии рушди ИМА ё USAID ворид мешуданд. Соли 2024 ин Оҷонсӣ барои кумак ба Тоҷикистон 58,5 миллион доллар ҷудо кард. Дар поёни моҳи феврал маъмурияти Доналд Трамп қарор кард, ки ироаи беш аз 90% кӯмакҳои хориҷии ИМА тавассути USAID боздошта шавад. Созмонҳои байнулмилалии башардӯстона ҳушдор додаанд, ки қатъи кори Оҷонс метавонад барои бахши тандурустӣ пайомадҳои фалокатбор дошта бошад.

USAID оҷонсии ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард. Дар давоми беш аз сӣ соли истиқлолияти Тоҷикистон, тавассути ин созмон ИМА ба ин кишвар дар ҳаҷми беш аз 2 миллиард доллар кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG