Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё зарба ба Фордуи зеризаминӣ барномаи атомии Эронро барҳам мезанад?


Бузургтарин бомби нуфузкунандаи амрикоӣ GBU-57, ки барои маҳви иншооти мустаҳкам сохта шудаанд.
Бузургтарин бомби нуфузкунандаи амрикоӣ GBU-57, ки барои маҳви иншооти мустаҳкам сохта шудаанд.

Оё Исроил метавонад таъсисоти ғанисозии Фордуро ҳадаф гирад? Агарчӣ гумоназаниҳо дар ин бора зиёд шудааст, коршиносон шубҳа доранд, ки ҳатто «бомбҳои нуфузкунанда»-и амрикоӣ тавонанд ба мустаҳкамтарин таъсисоти атомии Эрон бирасанд.

Низои Исроил ва Эрон пур аз фарзияҳои ғайриқобили пешбинист. Оё ин эҳтимол ҳаст, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба таъсисоти атомии Эрон сабаби ихроҷи моддаҳои радиоактиви кушанда шавад? Оё ҳуҷуми Исроил мумкин аст, ба як ҷанг барои тағйири режими Эрон табдил ёбад? Оё эҳтимолаш ҳаст, ки Амрико вориди ҷанги мустақим бо Эрон шавад?

Дар ин миён тахмину гумоназаниҳои расонаҳо дар бораи як сенарияи махсус бисёр зиёд шудааст ва дар бораи таъсисоти ғанисозии ураниуми Форду. Бахшҳои муҳиму асосии барномаи ҳастаии Эрон зери замин ҳастанд ва Форду аз муҳимтарини онҳост, ки дар вилояти Қум, тақрибан 150 километрии ҷануби Теҳрон ҷойгир шудааст.

Таъсисоти ғанисозии Форду дар зери кӯҳ аст ва дар як шабакаи мустаҳками нақбҳо, ки барои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ сохтаанд. Вуҷуди ин таъсисотро соли 2009 Барак Обама раисиҷумҳури Амрико, Никола Саркози, раисиҷумҳури Фаронса ва Гордон Браун нахуствазири Бритониё дар як дар баёнияи муштараке фош карданд.

Обама он замон гуфт: «Эрон ҳақ дорад, аз энержии ҳастаии сулҳомез барои ниёзҳои энержии мардуми худ истифода кунад. Аммо андоза ва таркиби ин таъсисот ба як барномаи сулҳомез мутобиқат намекунад.»

Баъди ҳамин Теҳрон вуҷуди Фордоро тасдиқ кард ва дар ниҳоят бар тибқи созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ бо номи «Барҷом» фаъолияташ маҳдуд шуд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар давраи аввали раёсатҷумҳурии худ бо пеш гирифтани маъракаи «фишори ҳадди аксар» ба Эрон, кишварашро аз созиши байналмилалии атомӣ бо Теҳрон берун кард. Эрон ҳам дар ҷавоб фаъолиятҳои атомии худро густариш дод.

Агар ба замони ҳозир баргардем, бар асоси гузориши Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (IAEA), Форду ураниуми ғализи 60 дарсадӣ тавлид мекунад, ки қадаме бузург дар роҳи истеҳсоли ураниуми ғализтар ва зарурӣ барои бомби атомӣ аст.

Ҳезер Вилям, мудири тарҳи масъалаҳои ҳастаӣ ва пажӯҳишгари Маркази Мутолиоти Роҳбурдӣ ва Байналмилалии Вашингтон, пас аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Эрон дар таҳлиле навишт:

«Вазъияти Форду дар ҳоли ҳозир, ё пас аз ҳамлаҳои баъдӣ барои ояндаи барномаҳои ҳастаии Эрон ҳаётӣ аст, чаро ки тасаввур мешавад, ин таъсисот метавонад ғанисозиро аз 60 дарсад ба 90 дарсади лозим барои аслиҳа афзоиш диҳад.» Ӯ афзудааст: «Нигаронии дигар ин аст ки шояд Форду яке аз маконҳое бошад, ки Эрон ураниуми 60 дарсад ғанишударо анбор кардааст, ё захираҳояшро ба инҷо оварда бошад.»

«Бомби нуфузкунанда» чист ва оё ба Фордо кора мекунад?

Бино ба арзёбиҳои Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба Исроил муяссар шудааст, таъсисоти зерзаминии ғанисозии Натанзро ҳадаф гирад. Мушаххас нест, дар он ҳамла аз кадом навъи аслиҳа истифода бурдаанд, аммо артиши Исроил бомбҳое дорад, ки метавонанд, қабл аз таркиш ба зери замин нуфуз кунанд.

Бар асоси таҳлили манбаъҳои боз аз видеоҳои ҳавопаймоҳое, ки барои маҳви Ҳасан Насруллоҳ раҳбари Ҳизбуллоҳ порсол истифода шуданд, нашрияи «New York Times” ба ин хулоса омадааст, ки ҳавопаймо бомбҳои 900 килограмии сохти Амрикоро истифода кардааст, ки абзори иловагие онро ба самти ҳадаф раҳнамоӣ мекунад. Ин бомбҳоро, «бомбҳои нуфузкунанда» меноманд, ки чанд бинои истиқоматии чандоёшнаро бо хок яксон карданд, аммо таъсисоти Форду ҳадафи осоне нест, чун дар зери замин қарор дорад.

Ҳамин мавзӯъ боиси мавҷи гумоназаниҳо пиромуни истифодаи эҳтимолӣ аз як аслиҳае шудааст, ки Исроил надорад ва гумоназаниҳо дар бораи бомби нуфузкунандаи азими GBU-57, ки фақат дар ихтиёри артиши Амрикост.

Бар тибқи як мақолаи Оҷонси Коҳиши Таҳдиди Дифоъӣ дар вазорати дифои Амрико, ки соли 2007 нашр шудааст, ин бомби нуфузкунандаи 13600 килограмӣ «барои нобудии аҳдофи мустаҳкаму зеризаминӣ, мисли паноҳгоҳҳо ва нақбҳо тарҳрезӣ шудааст.»

Дар гузорише аз Дафтари арзёбии амалиётҳои вазорати дифоъи Амрико омадааст, ки бомбафкани B-2 Spirit ягона ҳавопаймое аст ки метавонад он бомби вазнини бештар аз 13 тоннаиро ҳамл кунад. Аммо ин ки оё ин бомби азимро метавонанд, барои вайрон кардани Форду ба кор баранд ва ё метавонад, онро аз кор биандозад, ҳамчунон дар ҳадди фарзия боқӣ мондааст.

Гарчӣ лаҳни Трамп дар рӯзҳои ахир дар бораи Эрон тундтар шудааст, ҳанӯз мушаххас нест, ки Амрико мустақиман вориди амалиёти Исроил ва бомбборони Эрон мешавад ва оё B-2-ро барои ҳадаф гирифтани Форду мефиристад, ё не.

Илова бар ин, дар баҳсҳои расонаҳо аксар вақт як масъалаи муҳими истифода аз ин навъи аслиҳа канор мемонад ва баҳс дар бораи қудрати вайронгарии онҳо. Ба унвони мисол, артиши Исроил барои истифода аз бомбҳои 900 килограмӣ ва дигар навъҳои аслиҳа дар Ғазза дар ҷомеаи байналмилалӣ танқид шудааст.

Истифодаи ин бомб натиҷа медиҳад?

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, истифодаи чунин аслиҳаҳои вазнин дар маҳаллаҳои сераҳолӣ, ки метавонад, яксара мардумро бикушад, худсарона ва беш аз ҳад аст. Дафтари Ҳуқуқи Башари Созмони Милал соли гузашта гузоришеро дар бораи шаш ҳамлаи артиши Исроил дар Ғазза нашр кард, ки ба гуфтаи Созмони Милал, сабаби марги беш аз 200 ғайринизомӣ шудаанд.

Форду дар маҳаллаи серодам ҷойгир нашудааст ва муқоисаи даргириҳо ҳам чандон мувофиқ нест. Аммо бархе коршиносон ҳамчунин шубҳа доранд, ки ҳатто як ҳамлаи муваффақ ба Форду ҳатман барномаи ҳастаии Эронро ақиб меандозад.

Марк Фитзпатрик аз Муассисаи Байналмилалии Мутолиоти Роҳбурдӣ дар таҳлиле навиштааст: «Корхонаи ғанисозии зеризаминии Форду дар шаби нахустин ҳамла осеб надид. Аммо мумкин аст, дар амалиёти идомадор, ки Нетаняҳу ҳамон субҳ дар суханронии телевизионӣ ваъда дод, ҳадаф қарор гирад. Мушаххас нест, оё Исроил тавонистааст, 604 килограм ураниум ғанишудаи 60 дарсадиро, ки Эрон то имрӯз тавлид кардааст, нобуд кунад ё не.»

Ин миқдор ураниуми ғанишударо агар то ба ҳадди 90 дар садӣ ғализ кунанд, аз он метавонанд дасти кам 10 бомби атомӣ бисозанд. Ин захира қобили интиқол буда ва бо мушаххас шудани барномаи бомбборони Исроил аввалин коре метавонистанд кунанд, пинҳон кардани ҳамин захира аст.”

Ба ибораи дигар, бомбҳои нуфузкунанда метавонанд, дар сархати хабарҳо бошанд, аммо шояд натиҷаеро ки аз онҳо интизор доранд, надиҳанд.

XS
SM
MD
LG