Дар чанд ҷумла
Муҳлати ҳабси Лутфуллои Назримад ва се тоҷики дигар дар Русия дароз шуд

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав ҳабси чор зодаи дигари Тоҷикистонро, ки дар пайванд ба ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар боздошт ҳастанд, дароз кард.
Дафтари матбуоти Додгоҳ рӯзи 19-уми август хабар дод, ки Лутфуллои Назирмад, Ҷумъахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода то 22-юми ноябри имсол дар Боздоштгоҳ мемонанд.
Мурофиа паси дарҳои баста гузашт. Тафсилоташ, аз ҷумла мавқеи гумонзадҳо маълум нест.
Аз ин пеш, рӯзи 16-уми август, Додгоҳи ноҳияи Басманний бо дархости Кумитаи тафтишоти Русия муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Муродалӣ Раҷабализода ва Шамсидини Фаридунро ҳам то 22-юми ноябр дароз кард.
Ин афрод аз моҳи марти имсол дар ҳабс ҳастанд.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун беш аз даҳ нафар, аз ҷумла шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Шиканҷаи ошкори боздоштшудаҳо таҳқиқи мунсифонаи қазияро зери суол бурдааст.
Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд. Додгоҳ дархости онҳоро барои бозбинии парванда напазируфт
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст.
Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки муҳлати ҳабсашон то моҳи ноябр дароз шуд:
МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ
Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба Додгоҳи ноҳияи Басманний оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Ҳангоми амалиёти боздошт як чашмаш осеб дидааст.
Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир Файзов, моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст. "Писарам шахси мазҳабӣ набуд, намозро ҳам соз намехонд, қазо мекард," -- нақл карда буд ӯ.
Дар аксу наворҳояш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-и русӣ Муҳаммадсобир Файзов гоҳе бо риш ва дар бархе маврид бидуни риш ҷавони шод ва коргари хуб тасвир ёфтааст. Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ низ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.
ДАЛЕРҶОН МИРЗОЕВ
Далерҷон Мирзоеви 32-сола аз деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 23-юми марти имсол дар Брянск боздошт шуд. Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда, сипас ба дастонаш завлона мезананд.
Ба нақли наздиконаш, ӯ шаш моҳ пеш аз ҳодиса ба Русия рафта, дар хонаи амакбачааш дар Новосибирск мезист ва таксӣ меронд. Дар Тоҷикистон низ ба таксиронӣ машғул будааст.
Модараш, Гулракат Мирзоева, гуфта буд, ки бовар надорад, ӯ дар ҳодисаи террористӣ даст дошта бошад.
САИДАКРАМ РАҶАБАЛИЗОДА
Мақомоти Русия Саидакрам Раҷабализодаро рӯзи 23-юми март дастгир карда, дар аввал барои ду моҳ (то 22-юми май) ба ҳабс гирифта буданд. Ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар аввали моҳи январи имсол барои кор ба Русия рафт, аммо "тақрибан се моҳ на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод".
Манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфта буданд, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуда, 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт.
Саидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ҳамсараш мегӯяд, "ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад.”
Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова мегӯяд, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягонҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд.”
ФАРИДУНИ ШАМСИДДИН
Мақомоти Русия мегӯянд, номи Фаридуни Шамсиддини 25-сола дар "рӯйхати террористон ва ифротгароён" дар ин кишвар сабт шудааст. Аз шаҳри Ҳисор аст. Рӯзи 23-юми март дастгир карданд.
Дар навори бозпурсии мақомоти Русия Фаридуни Шамсиддин дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон ба дурустии он шубҳа карданд.
Шабакаҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд. Бахши русии Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот бо такя ба саҳифаҳои Фаридуни Шамсиддин дар шабакаҳои маҷозӣ маълум кардааст, ки ӯ чанд аксе аз ҳузураш дар Истанбули Туркия нашр карда ва номашро дар бархе шабакаҳои маҷозӣ Абдулло гузоштааст.
Фаридуни Шамсиддини дар соли 2014, замони таҳсил дар синфи 7-уми як мактаби миёнаи Ҳисор бо гумони озори ҷинсии ноболиғи 6-сола боздошт ва шаш сол зиндонӣ шудааст. Соли 2020 аз зиндон раҳо ва пас аз ду сол оиладор шуд. Ҳоло як тифли даҳмоҳа дорад. То рафтан ба Русия дар шаҳри Ҳисор дар нонвойхонае кор мекардааст.
Хешовандони Фаридуни Шамсиддин дар деҳаи Лойоба мегӯянд, пас аз раҳо шудани аз зиндон дар рафтору кирдори ӯ амалкардҳои ғайриинтизореро мушоҳида накарда буданд.
ЛУТФУЛЛОИ НАЗРИМАД
Мақомоти тафтишотии Русия алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи "анҷоми амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта, ки боиси марги инсон шудааст" парванда боз кардаанд.
Баъзе аз расонаҳои Русия қаблан навишта буданд, ки ӯ як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав барои дағалӣ бо полис боздошт ва дертар гуё рабт доштанаш ба ҳодиса собит шудааст. Азбаски он замон мурофиа паси дарҳои баста гузашта буд, мавқеи худаш маълум набуд. Дар зодгоҳаш ба дурустии он шубҳа доранд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони Лутфуллои Назримад ба ноҳияи Панҷ рафтанд, аммо онҳоро наёфтанд. Ҳамсояҳои ин ҷавон гуфтанд, ӯ мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ба иттиҳоми эълоншуда нисбат ба ӯ дар Русия бовар надоранд. Вай тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафтааст.
Лутфуллои Назримад фарзанди калонии Назримад Ҳаётов, корманди идоари фарҳанги ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, будааст. Ба гуфтаи наздиконаш, падари хонадон ӯро барои кор ба Русия фиристода буд, то бо мадади писараш соҳиби манзил шаванд.
ҶУМЪАХОН ҚУРБОНОВ
Ҷумъахон Қурбонови 21-сола рӯзи 27-уми апрел бо қарори додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ва ба гумони “маблағгузорӣ барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ” ба ҳабс гирифта шуд.
Манзили волидони Ҷумъахон Қурбонов дар ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҷойгир аст. Модараш омӯзгор аст, падараш деҳқонӣ мекунад. "Бо саводи худаш ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дар Душанбе дохил шуда буд. Зӯрамон нарасид, ки пули иҷора ва харҷҳои дигарашро диҳем. Ночор барои пулкоркунӣ ба Русия рафт," – нақл кард Бегиёр Саидов, падари Ҷумъахон, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ.
Ӯ афзуд, Ҷумъахон ҳамроҳи бародараш, Сӯҳроб Қурбонов, дар як макон дар пойтахти Русия зиндагӣ ва дар сохтмон кор мекарданд. Ҳар моҳ барои харҷи оила то 20 ҳазор рубли русӣ ё зиёда аз дусад доллари амрикоӣ мефиристодааст. "Ман ба бегуноҳии фарзандам бовар дорам," -- гуфт Саидов ва афзуд, “ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот дар Русия бовар надорем. Пайваста насиҳаташ мекардам, ки танҳо ба роҳи рост рав.”
ЁҚУБҶОН ЮСУФЗОДА
Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой "тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст".
Муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул "баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд." Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест. Назари худаш ё наздикону вакили мудофеъ ва ҷузъиёти парванда дастрас нест.
Саҳифаи "Маш" дар Телеграм нигоштааст, ки Ёқубҷон Юсуфзода ҳангоми амалиёти “Нелегал” ва тасодуфан рӯзи 26-уми март дастгир шуда, сипас робитааш бо ҳамлаварон ошкор гаштааст.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Ёқубҷон Юсуфзода 25 сол дорад, оиладор ва соҳиби се фарзанд. Ҳангоми боздошт дар сохтмон кор мекардааст.
МУҲАММАД ШАРИФЗОДА
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 5-уми апрел дастури ҳабси Муҳаммад Шарифзодаро содир кард. Ӯ ба "амали террористӣ" муттаҳам аст, вале ба сабаби пӯшида будани мурофиа назари ӯ ё вакили мудофеаш дастрас нест.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Қатъи муваққати парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон

Намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Somon Air ва Varesh Airline аз қатъи муваққатии парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс хабар доданд. Дар пайи даргириҳо миёни Исроилу Эрон парвози ҳавопаймоҳо дар фазои Эрон қатъ шудааст.
Хабаргузории Азия+ аз қавли намояндагони ин ширкат хабар додааст, ки шаҳрвандони Эрон метавонанд раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.
Ҳоло ин ширкатҳо мунтазири посухи мусбати сафорати Туркманистон оид ба додани раводид барои шаҳрвандони Эрон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ҳастанд.
Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки парвози чартерӣ аз Душанбе ба Ашқобод баррасӣ мешавад. Ба парвози чартерӣ дастаи ҷавонони футболи Эрон, ки тақрибан 30 нафарро ташкил медиҳад, ҳамроҳ карда мешавад.
Онҳо барои ширкат дар мусобиқа ба Душанбе омада буданд ва бинобар баста шудани фурудгоҳ, натавонистанд сари вақт парвоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи 30 нафарии шаҳрвандони кишвар аз роҳҳои заминӣ хоки Эронро тарк кардаанд.
Тими ҷавонони Эрон қаҳрамони CAFA-2025 шуд

Тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Эрон, ки дар бозии ниҳоӣ дастаи ҷавонони Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) гардид.
Бозии ҳалкунанда миёни футболбозони ҷавони Қирғизистону Эрон шаби сешанбеи 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифт.
Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Бозигари эрониҳо Ҳусейн Муҳаммадризоӣ дар дақиқаи 22-юм ҳисобро боз кард. Голи дуюмро ҳамдастааш Маҳан Акбарзода дар дақиқаи 43-юм ба самар расонд.
Бояд зикр намуд, дар дақиқаи 41-ум Илгиз Ботирхонов, бозигари қирғизҳо, натавонист тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими ҷавонони Узбекистон (U-20) пирӯз шуд, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) гардид.
Бозии футболбозони ҷавони Тоҷикистону Узбекистон шаби душанбеи 16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар задани силсилаи пеналти бозигарони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) бо ширкати шаш дастаи мунтахаби ҷавонони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон ва Узбекистон – аз 10-ум то 17-уми июн дар варзишгоҳҳои шаҳрҳои Ҳисору Турсунзодва доир гардид.
Пас аз ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон чаҳоримтиёзӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо бозигарони Қирғизистон дар гурӯҳи «А» зинаи аввалро ишғол карданд.
Ба ин тартиб, дар рақобати ниҳоӣ футболбозони ҷавони қирғиз аз тими Эрон, ки дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд, шикаст хӯрданд. Эрониҳо бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Ба қирғизҳо медалҳои нуқра ва ба мизбонон – футболбозони ҷавони тоҷик – медалҳои биринҷӣ супурда шуданд.
Чину Тоҷикистон як барномаи муҳими дигар имзо кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтӯгу кардаанд. Мулоқот рӯзи 17 июн дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ-Чин” дар шаҳри Остона сурат гирифтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки “дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.” Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз рушди ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад ва ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ кор мекунанд.
Тоҷикистон бо Чин, бо яке аз қудратҳои азими иқтисодии ҷаҳон тақрибан 500 километр марзи муштарак дорад ва солҳои ахир барои сармоягузориву тиҷорат бештар ба он рӯ овардааст. Пойбандии кишвар ба Чин сол ба сол сахттар мешавад ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Чин мешавад. Айни замон Душанбе аз Пекин 820 миллион доллар қарздор аст.
Ду тараф ҳамчунин ҳамкориҳои амниятии зиёд доранд. Ба навиштаи Эдвард Лемон ва Руслан Норов ду таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон “барои Чин як тарҳи ибтидоии тақвияти нуфуз дар як кишвар аст ва мумкин аст, Чин онро барои айни кор дар кишварҳои дигар истифода барад.”
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки байни ҳайатҳои ду кишвар шаш созишнома аз ҷумла “Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030” имзо шудааст.
Дар ҳамлаи Исроил ба бинои телевизиони Эрон 3 тан кушта шуданд

Шабакаи "Хабар"-и телевизиони Эрон хабар дод, ки шумори қурбониёни ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бинои марказии Садо ва Симо дар Теҳрон, ба се нафар афзоиш ёфт.
Шабакаи "Хабар" нафари дувумро "Нимо Раҷабпур", сардабири ахбор, муаррифӣ кард ва афзуд, вай бар асари ҷароҳатҳо дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил ҷон бохт. Садо ва Симои Эрон ҳанӯз шахсияти нафари севумро эълон накардааст.
Пештар гузориш шуда буд, ки Маъсума Азимӣ, як корманди идории Садо ва Симо, бар асари ин таркиш кушта шудааст.
Шоми 16 июн бинои марказии Садо ва Симо, ки бо бинои "шишаӣ" маъруф аст, чанд соат пас аз ҳушори Исроил барои холӣ карди бахшҳое аз минтақаи сеи шаҳри Теҳрон, ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Дар ин ҳамла табақаҳои севум ва чорум ҳадаф қарор гирифтанд ва бино оташ гирифт. Лаҳзаи ҳамла мустақиман аз студияи шабакаи "Хабар" ба таври зинда пахш шуд.
Бархе аз созмонҳои ҷаҳонии ҳомии хабарнигорон ва озодии баён, ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд.
Толибон рафтани ҷавондухтарон ба бозори марзии Тирмизро манъ кардаанд

Гурӯҳи "Толибон", ки қариб чор сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, рафтани занони то 40-соларо ба бозори наздисарҳадии Тирмиз манъ эълон кард.
Дар ин бора телевизиони Amu.tv бо такя ба сокинону фурӯшандаҳо хабар додааст.
Як тоҷири афғон гуфтааст, ки бо манъи вуруди ҷавондухтарон, ҳаҷми фурӯш ва тиҷорати онҳо коҳиш ёфтааст.
Толибон расман дар бораи манъи вуруди ҷавондухтарон ба бозор изҳори назар накардаанд.
Маркази байналмилалии савдои Тирмиз дар марзи Узбакистон ва Афғонистон соли 2022 ифтитоҳ ёфт. Марказ дорои мағозаҳову маркази тиббӣ, тарабхонаҳову минтақаҳои истеҳсолӣ аст.
Шаҳрвандони Афғонистон метавонанд бидуни раводид аз он дидан кунанд ва 15 рӯз дар он ҷо бимонанд.
Соли 2024 Толибон аз Узбекистон хоста буданд, ки дар Тирмиз мусиқӣ нанавозанд ва ё дар акси ҳол вуруди шаҳрвандони худро ба бозор манъ мекунанд.
Гурӯҳи "Толибон" баъд аз бозгашти дубора ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, нахуст мактабҳои духтарони болотар аз синфи шашумро баст ва сипас дарҳои донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олиро низ ба рӯи занон ва духтарон пӯшид.
500 ҳазор сомонӣ мукофот. Ҷустуҷӯи Маликаву Сабина идома дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, ҳар касе, ки барои пайдо намудани Малика ва Сабина Араловаҳо маълумоти дуруст ва аниқ диҳад, дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад.
Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25 марти соли 2013, замоне ки аввалӣ 5 ва дувумӣ 4,5 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи "Садбарг" дар Душанбе гум шуданд.
"Таҷрибаи корӣ собит намуд, ки саҳми шаҳрвандон дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, дарёфт намудани шахсони бедаракгашта ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ниҳоят арзишманд мебошад",-гуфта шудааст дар эълони ВКД.
Гум шудани ин ду духтар дар соли 2013 ҷомеаи Тоҷикистонро шигифтзада кард. Ҳатто раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳодисаи нопадидшавии Малика ва Сабина изҳори нигаронӣ карда, ин ҳодисаро "ҷинояти доғдоркунандаи миллат", унвон карда буд.
Улуғбек Аралов, падари Маликаву Сабина чанд сол қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тӯли ин солҳо умеди пайдо кардани онҳоро аз даст надода ва ҳамеша бо мақомот ҳамкорӣ мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон аз мусодираи 178 килограм афюну ҳашиш хабар доданд

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи панҷ нафарие хабар дод, ки ба қавли кумита 180 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон қочоқ кардаанд ва мехостанд, ба хориҷ бурда фурӯшанд.
Дар баёнияи расмии кумита, ки хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 16-уми июн нашр кард, омадааст, маъмурони амниятӣ ва марзбонони тоҷик аз қочоқи 178 килограму 845 грам ҳашиш ва афён дар минтақаи Дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешгирӣ кардаанд.
Қисми зиёди ин маводи мухаддир, яъне 139 бастаро ро аз дохили таксӣ пайдо кардаанд, ки гӯё ба ширкати “3333” тааллуқ доштааст. Дар баёния омадааст, ки ҳангоми амалиёти тафтишотӣ, Бобоҷони Абдулҳақ, сокини 34-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Акбари Ҳиҷрат шаҳрванди 31-солаи Афғонистон ва муқими шаҳри Ваҳдат ва сипас се сокинони дигари ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин ду ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистонро дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд дастгир кардаанд.
Дар баёния омадааст: “Дар рафти бозпурсии Бобоҷони Абдулҳақ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро аз қочоқбарон афғон ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ дастрас намуда, мақсад доштааст тавассути ҳаммаслакони ҷиноятии худ онро ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.” Дар баёния гуфта нашудааст, ки ин афродро кай дастгир кардаанд.
Тоҷикистон, ки марзи бештар аз 1300 километрӣ бо Афғонистон дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба хориҷ аз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Солона дар кишвар садҳо килограм афюну тарёку ҳашиш ва ҳероин кашфу мусодира мешавад ва даҳҳо нафар ҳам барои қочоқи ин мавод паси панҷара мераванд.
Русия ҷасади 1200 сарбози Украинаро ба ватанашон додааст

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия ҷасадҳои 1200 сарбози кушташудаи кишварро ба онҳо супурдааст.
Идораи ҳамоҳангсози муносибат бо асирони ҷангӣ дар Украина рӯзи 16-уми июн гуфт: “Ба Украина 1200 ҷасадро баргардонданд, ки ба гуфтаи ҷониби Русия шаҳрвандони Украина ва аз ҷумла сарбозон ҳастанд.” Дар як ҳафтаи гузашта, Русия дар умум 4800 ҷасади сарбозони украиниро ба ватанашон бозгардондааcт. Русия дар рӯзи аввал 27 ҷасади сарбозонашро бозпас гирифтааст.
Созиш барои табодули ҷасадҳои сарбозон рӯзи дуюми июн дар Истанбул ҳосил шуд. Мақомоти Русия он замон гуфтанд, ки ҷасади 6 ҳазор сарбози Украинаро ба ватанашон месупоранд. Мақомоти Русия ҳафтаи оянда гуфтанд, ки омодаи табодули ҷасадҳо ҳастанд ва айни замон Украинаро ба он муттаҳам карданд, ки раванди табодулро ба дарозо мекашад.
Дар посух ба ин ҳукумати Украина гуфт, ки супурдани ҷасадҳо рӯзи 10-уми июн оғоз мешавад. То кунун байни ду тараф чаҳор бор табодули ҷасадҳо сурат гирифтааст, вале теъдоди дақиқи онҳоро нагуфтаанд. Интизор меравад, ки ба ҳам супурдани сарбозони кушташуда то охири ҳафтаи оянда идома мекунад.
Остона мунтазири раҳбарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ба шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон рафт ва қарор аст, рӯзи 17 июн дар ҳамоиши дуюми Чину Осиёи Марказӣ иштирок кунад.
Дар баробари раҳбарони кишварҳои дигари минтақа дар нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҳузур хоҳад дошт. Лин Ҷян, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 13 июн гуфт, дар ҷаласа раҳбарони кишварҳо дар бораи ҳамкориҳои Чину Осиёи Марказӣ ва вазъи нуқтаҳои доғ дар ҷаҳон ибрози назар мекунанд.
Чин барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ бо аҳолии 80 миллион нафарӣ бо Русия дар ҳоли рақобат аст. Осиёи Марказӣ дар доираи тарҳи стратегии “Як камарбанд – як роҳ” бо Чин ҳамкориҳои густурдае дар бахши иқтисоду боркашӣ ҳамкорӣ мекунад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар талоши кам кардани вобастагӣ аз Русия ва афзоиши ҳамкорӣ бо дигар шарикон мебошанд. Чин барои ин кишварҳо ҳоло муҳимтарин ҳамкори иқтисодӣ ва сармоягузори тарҳҳои азим аст. Ҳамоиши аввали ду тараф соли 2023 баргузор шуда буд.
Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми футзали Осиёро мизбонӣ мекунад

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳашт кишвар – Тоҷикистон, Тайланд, Кувайт, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Мянмар, Малайзия ва Чин - мизбонӣ мекунанд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026, ки аз 20-ум то 24-уми сентябр баргузор мешаванд, дар маҷмуъ 31 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешаванд: ҳафт гурӯҳ аз чаҳор даста ва як гурӯҳ аз се даста иборат хоҳанд шуд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли оянда дар Индонезия доир мегардад, роҳ меёбанд.
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 26-уми июн маълум мешаванд.
Туркманистон барои берун шудани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар додааст, ки барои баромадани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад.
Ин ниҳод 16-уми июн дар хабарномае навишт, то имрӯз ҳудуди 120 нафар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Руминия ва дигар кишварҳо, тавассути гузаргоҳҳои Туркманистон аз Эрон баромаданд.
"Онҳое, ки омадаанд, бо нақлиёт, хурокворӣ, меҳмонхонаҳо ва чизҳои зарурии рузгор таъмин карда шуданд," омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Мақомоти Туркманистон гуфтаанд, баъд бад шудани вазъият дар Эрон, "чораҳои фаврӣ меандешад, то қаламрави худро барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо ва дигар шаҳрвандони феълӣ дар Эрон таъмин намояд.”
Субҳи 13-уми июн Исроил ба хоки Эрон ҳамла кард ва ин даргирӣ то имрӯз давом дорад. Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Мақомоти Эрон: дар ҳамлаҳои Исроил садҳо кас куштаву захмӣ шудааст

Мақомоти Эрон омори талафот дар пайи ҳамлаҳои Исроилро эълон карданд.
Ба иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, дар ҳамлаҳои Исроил 224 эронӣ кушта шуда, беш аз ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Эрон иддао доранд, ки 90 дарсади кушта ва захмиён ғайринизомиён ҳастанд.
Дар ҳамин созмони Human Rights Activists in Iran, қароргоҳаш дар Амрико эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Исроил ба Эрон зиёда аз 400 кас кушта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, аз оғози низоъ бо Эрон 15 нафар кушта ва ҳудуди 400 исроилӣ захмӣ шудаанд.
Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон вориди чорумин рӯзи худ шуд. Расонаҳои ду кишвар хабар доданд, ки субҳи 16-уми июн низ ҳамлаҳои ду тараф идома дошт.
Шоми якшанбеи 15-уми июн Эрон ба шаҳри Ҳайфо дар шимоли Исроил ва шаҳри Кирят Гат дар ноҳияи ҷануби ин кишвар бо мушак ҳамла кард. Инчунин расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки Эрон субҳи 16-уми июн низ ба сӯи Исроил мушак партоб кардааст.
Расонаҳои маҳаллии Эрон аз ҳамлаи Исроил ба чанд шаҳри ин кишвар, азҷумла Теҳрон ва Машҳад хабар доданд. Азҷумла ба як бинои Вазорати хориҷаи Эрон ҳамла шудааст.
Ин низоъ субҳи 13-уми июн бо ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон оғоз шуд. Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Ароқчӣ: Эрон ҳамлаҳоро қатъ мекунад, агар Исроил ҳам ин корро кунад

Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, кишвараш ҳамлаҳо ба Исроилро қатъ мекунад, агар исроилиҳо низ ҳамла ба Эронро бас кунанд.
Аббос Ароқчӣ 15-уми июн дар нишасте бо ҳузури намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон гуфт, Эрон намехоҳад даргирӣ ба дигар кишварҳо низ сироят кунад. Ароқчӣ афзуд, кишвараш танҳо худро муҳофизат мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки ба ҳамлаҳои Исроил мусоидат кардааст. Вашингтон ҳамагуна даст доштанашро дар даргириҳои ахир рад мекунад.
Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ҳадафи Исроил аз ҳамла ба Эрон, халалдор кардани музокирот бар сари барномаи ҳастаӣ буд. Қарор буд даври навбатии музокироти Амрико ва Эрон 15-уми июн дар Уммон баргузор шавад. Баъди ҳамлаи Исроил, Теҳрон аз ширкат дар ин музокирот даст кашид.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз Амрико хост, ки амалкарди Исроилро маҳкум кунад. Аббос Ароқчӣ гуфт, Теҳрон омода аст, дар бораи насохтани силоҳи ҳастаӣ ба созиш расад, вале ин тавофуқ набояд Эронро аз ҳаққи доштани барномаи ҳастаӣ маҳрум созад.
Даргирӣ миёни Тел-Авив ва Теҳрон субҳи 13-уми июн ва бо ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ ва мушакии Эрон оғоз шуд. Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорон ва чанд донишманди ҳастаӣ кушта шуданд.
Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Дар садамаи Боинг дар Ҳиндустон 274 кас ҳалок шудааст

Шумори қурбониёни садамаи ҳавопаймои Боинг дар Ҳиндустон ба 274 кас расид. Дар ин бора шабакаи NDTV бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Дар миёни қурбониён 241 нафарашон мусофир ва ҳайати парвози ҳавопаймо ва 33 каси дигар дар замин будаанд. Ҳавопаймо ба болои бинои коллеҷи тиббӣ афтид. Дар онҷо 10 пизишк ва аъзои оилаашон ҳалок шуданд.
Пештар мақомоти Ҳиндустон пайдо шудани 270 ҷасадро тасдиқ карда буданд.
Дар ин ҳодиса фақат як мусофири ҳавопаймо зинда мондааст.
Ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner рӯзи 12-уми июн аз Аҳмадобод ба Лондон бояд парвоз мекард, баъди чанд дақиқаи аз замин боло шудан суқут кард. Дар наворҳо дида мешавад, ки баробари ба замин бархурдан ҳавопаймо метаркад.
Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз сабаби сарозер шудани ҳавопаймо дақиқ нашудааст.
Трамп ва Путин гуфтаанд, даргирии Эрон ва Исроил бояд тамом шавад

Роҳбарони Амрико ва Русия 14-уми июн телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Ин панҷумин суҳбати телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин аз замони бозгашти Трамп ба Кохи Сафед аст.
Дар бораи ин суҳбат нахуст Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар дод. Дертар Доналд Трамп ҳам ин хабарро дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social нашр кард.
Ба гуфтаи Ушаков, суҳбат 50 дақиқа идома кард. Путин Трампро ба зодрӯзаш табрик кардааст. Доналд Трамп рӯзи 14-уми июн 79-сола шуд.
Трамп ва Путин дар бораи ҷанги Украина ва вазъият дар Ховари Миёна гап задаанд. Юрий Ушаков мегӯяд, Путин амалиёти Исроил алайҳи Эронро маҳкум карда гуфтааст, он “нигарониҳои ҷиддиро аз густурда шудани ҷанг” бештар кардааст.
Ба гуфтаи Ушаков, ҳарду президент бозгашт ба музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эронро "истисно накардаанд."
Доналд Трамп навиштааст, бахши асосии суҳбати ӯ бо Путин дар бораи Эрон ва Исроил буд ва ду тараф дар бораи ҷанги Украина камтар гап задаанд.
Трамп навиштааст, ки ӯ ва Путин бар сари ин масъала розианд, ки даргирии Эрон ва Исроил бояд тамом шавад. Раиси ҷумҳури Амрико навиштааст, ӯ ба Путин гуфт, ҷанг дар Украина ҳам бояд поён ёбад.